Барои гурезагон

Оё шумо гурезаед? Бингар, ки чӣ гуна мо ба шумо кӯмак карда метавонем!

 Хуш омадед  ба Полша! Дар барномаи Refugees Welcome/Истиқболи Гурезагон ширкат варзед, бо полякҳо берун аз маркази гурезаҳо зиндагӣ кунед ва бо Полша шинос шавед!

 Дар барномаи Refugees Welcome/Истиқболи гурезагон, мо ба гурезагон кӯмак мерасонем (ва инчунин онҳое, ки интизори қарори таъмини амнияти байналмилалӣ ҳастанд), дар Варшава иҷора гирифтани ҳуҷраи арзон дар оилаи полякҳо. Барнома инчунин дастгирии волонтёронро пешниҳод мекунад, ки дар кашф краднаи пойтахт ва ҳалли масъалаҳои хурди рӯзмарра кӯмак мерасонанд. Дар Маркази Кӯмак ба Хориҷиён мо курсҳои ройгони забони полякӣ, дастгирии мураббиёни фарҳангӣ, ёрии ҳуқуқӣ ва равонӣ, инчунин кӯмак дар дарёфти кор пешниҳод менамоем. Мо ин ҳама корҳоро ба он суръат ба анҷом мерасонем, ки ба шумо кумак кунем дар бунёди зиндагии нави хуб дар Полша.

 

 Қоидаҳои барномаи Refugees Welcome/ Истиқболи Гурезагон

  • Дар барномаи Refugees Welcome/ Истиқболи Гурезагон шахсони зеррине, ки дар Полша: мақоми гуреза, азил, ҳимояи иловагӣ, муҳофизати муваққатӣ, иҷозат барои будубош бо сабабҳои башардӯстона, иҷозат барои таҳаммул дар иқомат ё интизории қарор оид ба ҳифз доранд, метавонанд иштирок кунанд.
  • Дар барнома, оиди ба иҷора гирифтани ҳуҷра дар хонаи полякҳо дар Варшава ё атрофи Варшава кӯмак мекунем.
  • Барнома ба нафарони ЛГБТ+ дӯстона аст, мо розӣ нестем, ки бо ягон сабаб нисбати касе табъиз кунем.
  • Иштирокчии барнома бо соҳиби хона шартномаи иҷораи манзилро ба имзо мерасонад. Шартнома ба мӯҳлати муайяншудаи 3, 6 ё 12 моҳ баста мешавад. Ҳар кадоме аз тарафҳо метавонад қабл аз мӯҳлат, бо огоҳ намудан як моҳ қабл онро қатъ кунад.
  • Иҷораи ҳуҷра пулакӣ аст. Маблағ бо соҳиби хона алоҳида муайян карда мешавад. Аксар вақт ин миқдори рамзӣ аст. Мо ҳамеша мекӯшем, ки пешниҳоде пайдо кунем, ки ба имкониятҳои молиявии шумо мувофиқ бошанд.
  • Вақти ҳадди аққал барои пайдо кардани ҳуҷра тақрибан 4 ҳафта аст. Агар мо дар айни замон барои шумо ҳуҷраи мувофиқ надошта бошем, ин метавонад вақти зиёдтарро талаб кунад. Мутаассифона, мо кафолат дода наметавонем, ки барои шумо ҷойе ёфта метавонем. Аз ин рӯ, ба ҷустуҷӯи манзил дар танҳоӣ даст накашед.
  • Мо ба ҳар як иштирокчии барнома дастгирии волонтёрҳо, дӯстоне, ки дар кашф кардани пойтахт ва ҳалли мушкилоти хурди рӯзмарра кӯмак мерасонанд, пешниҳод мекунем. Мо инчунин якчанд чорабиниҳои ҳамгироиро ҳам ташкил мекунем.
  • Ҳар як иштирокчии барнома метавонад аз кӯмаки касбии Маркази Ёрӣ ба Хориҷиён ройгон истифода барад. Мо курсҳои ройгони полякӣ, дастгирии мураббиёни фарҳангӣ, ёрии ҳуқуқӣ ва равонӣ, инчунин кӯмак дар дарёфти ҷои корро пешниҳод менамоем.

 

Ариза барои иштирок дар барнома Refugees Welcome/ Истиқболи Гурезагон

Аз сабаби набудани манзили дастрас ва навбати тӯлонии одамоне, ки ба барнома дохил шуданро интизоранд, айни замон қабули дархостҳо ба барнома қатъ шудааст.

Кабули дархостҳо дар ҳолате  барқарор мегардад, ки пешниҳодҳои зиёди манзилро ба даст орем. Узр барои нороҳатиҳо.