Барои гурезагон

Оё шумо гурезаед? Бингар, ки чӣ гуна мо ба шумо кӯмак карда метавонем!

 Хуш омадед  ба Полша! Дар барномаи Refugees Welcome/Истиқболи Гурезагон ширкат варзед, бо полякҳо берун аз маркази гурезаҳо зиндагӣ кунед ва бо Полша шинос шавед!

 Дар барномаи Refugees Welcome/Истиқболи гурезагон, мо ба гурезагон кӯмак мерасонем (ва инчунин онҳое, ки интизори қарори таъмини амнияти байналмилалӣ ҳастанд), дар Варшава иҷора гирифтани ҳуҷраи арзон дар оилаи полякҳо. Барнома инчунин дастгирии волонтёронро пешниҳод мекунад, ки дар кашф краднаи пойтахт ва ҳалли масъалаҳои хурди рӯзмарра кӯмак мерасонанд. Дар Маркази Кӯмак ба Хориҷиён мо курсҳои ройгони забони полякӣ, дастгирии мураббиёни фарҳангӣ, ёрии ҳуқуқӣ ва равонӣ, инчунин кӯмак дар дарёфти кор пешниҳод менамоем. Мо ин ҳама корҳоро ба он суръат ба анҷом мерасонем, ки ба шумо кумак кунем дар бунёди зиндагии нави хуб дар Полша.

 

 Қоидаҳои барномаи Refugees Welcome/ Истиқболи Гурезагон

  • Дар барномаи Refugees Welcome/ Истиқболи Гурезагон шахсони зеррине, ки дар Полша: мақоми гуреза, азил, ҳимояи иловагӣ, муҳофизати муваққатӣ, иҷозат барои будубош бо сабабҳои башардӯстона, иҷозат барои таҳаммул дар иқомат ё интизории қарор оид ба ҳифз доранд, метавонанд иштирок кунанд.
  • Дар барнома, оиди ба иҷора гирифтани ҳуҷра дар хонаи полякҳо дар Варшава ё атрофи Варшава кӯмак мекунем.
  • Иштирокчии барнома бо соҳиби хона шартномаи иҷораи манзилро ба имзо мерасонад. Шартнома ба мӯҳлати муайяншудаи 3, 6 ё 12 моҳ баста мешавад. Ҳар кадоме аз тарафҳо метавонад қабл аз мӯҳлат, бо огоҳ намудан як моҳ қабл онро қатъ кунад.
  • Иҷораи ҳуҷра пулакӣ аст. Маблағ бо соҳиби хона алоҳида муайян карда мешавад. Аксар вақт ин миқдори рамзӣ аст. Мо ҳамеша мекӯшем, ки пешниҳоде пайдо кунем, ки ба имкониятҳои молиявии шумо мувофиқ бошанд.
  • Вақти ҳадди аққал барои пайдо кардани ҳуҷра тақрибан 4 ҳафта аст. Агар мо дар айни замон барои шумо ҳуҷраи мувофиқ надошта бошем, ин метавонад вақти зиёдтарро талаб кунад. Мутаассифона, мо кафолат дода наметавонем, ки барои шумо ҷойе ёфта метавонем. Аз ин рӯ, ба ҷустуҷӯи манзил дар танҳоӣ даст накашед.
  • Мо ба ҳар як иштирокчии барнома дастгирии волонтёрҳо, дӯстоне, ки дар кашф кардани пойтахт ва ҳалли мушкилоти хурди рӯзмарра кӯмак мерасонанд, пешниҳод мекунем. Мо инчунин якчанд чорабиниҳои ҳамгироиро ҳам ташкил мекунем.
  • Ҳар як иштирокчии барнома метавонад аз кӯмаки касбии Маркази Ёрӣ ба Хориҷиён ройгон истифода барад. Мо курсҳои ройгони полякӣ, дастгирии мураббиёни фарҳангӣ, ёрии ҳуқуқӣ ва равонӣ, инчунин кӯмак дар дарёфти ҷои корро пешниҳод менамоем.

 

Ариза барои иштирок дар барнома Refugees Welcome/ Истиқболи Гурезагон

Барои ариза додан ба барномаи Refugees Welocome/Истиқболи Гурезагон лутфан аризаи зеринро пур кунед. Ин ба мо дар ёфтани ҳуҷра кӯмак мекунад, ки ба ниёзҳо ва имкониятҳои молиявии шумо мувофиқат кунад. Мо ҳарчи зудтар бо шумо тамос хоҳем гирифт.

* Ин майдонҳо ҳатмист

Ном*:

Фамилия*:

E-mail*:

Телефон*:

Мо онро танҳо дар сурате истифода хоҳем бурд, ки бо шумо тавассути почтаи электронӣ тамос гирифта наметавонем.

Аз кадом кишвар:

Шумо бо кадом забон / забонҳо гап мезанед?*
Ин хеле муҳим аст, зеро бисёре аз гурезаҳо ҳоло полякиро намедонанд.

англисӣарабӣфрнасузӣиспанӣОлмонполякӣруссӣукраинӣWłoskiтоҷикӣдигар забонҳоk

Забони дигар:

Синну сол*:

ҷинс*:

Кай ба Полша омадед?*

Айни ҳол дар куҷо зиндагӣ менамоед?*

Марказе, ки шумо ҳастед:

Дар бораи худ чанд калима нависед:

Вазъи ҳуқуқии шумо чӣ гуна аст?*

Айни ҳол кор мекунед?*

Барои иҷораи ҳуҷра дар як моҳ чанд пул ҷудо карда метавонед?*

Оё шумо дар ҷустуҷӯи як ҳуҷра барои худ ё барои зиёда одамон?*

Одамоне, ки шумо бо онҳо ҳуҷра ҷустуҷӯ мекунед, кистанд ва онҳо чандсолаанд?

Агар касе ба шумо дар пур кардани ин анкета кӯмак кунад (масалан корманди НПО), ба мо маълумот барои тамос бо он шахсро пешниҳод кунед бо мақсади мусоидат ба раванди бақайдгирӣ.?

ҳане

Ном*:

Фамилия*:

E-mail*:

Саволҳои иловагӣ ва қайдҳо:

Ташаккур!

Пас аз фиристодани ариза, мо бо шумо барои ташкили вохӯрӣ тамос хоҳем гирифт. Ариза ҷойро дар барнома кафолат намедиҳад.